Эъзоми нерӯҳои низомии Амрико ба Арабистони Саудӣ
(last modified Sat, 21 Sep 2019 07:09:17 GMT )
Сентябр 21, 2019 12:09 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми нерӯҳои низомии Амрико ба Арабистони Саудӣ

Вазорати дифои Амрико аз мувофиқати раиси ҷумҳурии ин кишвар бо эъзоми нерӯ ҷиҳати муҳофизат аз Арабистони Саудӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Скай нюс”, Марк Эспер, вазири дифои Амрико бомдоди шанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Ҷозеф Донфурд, раиси ситоди муштараки артиши ин кишвар гуфт, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бо эъзоми нерӯҳои амрикот ҷиҳати муҳофизат аз Арабистони Саудӣ мувофиқат кардааст.

Марк Эспер аз таъйини теъдоди ин нерӯҳо ба Арабистон худдорӣ кард, аммо гуфт, ин тасмим шомили дифои ҳавоӣ ва мушакӣ мешавад.

Вазири дифои Амрико ҳам ҳамсӯ бо изҳороти дигари мақомоти Амрико ва Саудӣ, Эронро омили аслии ҳамалот ба таъсисоти “АРАМКО” донисту муддаӣ шуд, муҳаққиқон ба ин натиҷа расидаанд, ки силоҳҳои мавриди истифода дар ин ҳамла тавассути Эрон тавлид шудаву аз Яман партоб нашудааст.

Амири сартип Амир Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон низ зимни радди иттиҳомзаниҳои беасос, мабнӣ бар нақш доштани Эрон дар анҷоми ҳамалот ба таъсисоти нафтии Арабистон таъкид кард, агар таҳдиде алайҳи Эрон матраҳ шавад, бо ҳамон қотеияте, ки ба таҷовузи андаки Паҳподи амрикоӣ посух додем, ҷавоб хоҳем дод.

Эъзоми нерӯҳои низомии Амрико ба Арабистони Саудӣ дар ҳоле анҷом гирифт, ки ҷумбиши мардумии  Ансоруллоҳи Яман 14 сентябр дар вокуниш ба таҷовузи низомии Саудӣ ва муҳосираи Яману идомаи ҳамалоти ҳавоии Саудӣ ба манотиқи мухталифи Яман, полоишгоҳҳои “Буқайқ” ва “Хурайс” дар шарқи Арабистонро ҳадафи ҳамалоти паҳподӣ қарор дод.

Дар натиҷаи ин ҳамалот 50 дарсади тавлиду содироти нафти Арабистон ба таври муваққат мухтал шуд ва баҳои нафт дар бозори ҷаҳонӣ афзоиш ва шохиси бурси Арабистон беш аз 2 дарсад коҳиш ёфт.