Туркия хариди нафт ва гази Эронро мутаваққиф намекунад
(last modified Sat, 28 Sep 2019 16:24:02 GMT )
Сентябр 28, 2019 21:24 Asia/Dushanbe
  • Туркия хариди нафт ва гази Эронро мутаваққиф намекунад

Раиси Ҷумҳурии Туркия бо таъкид бар идомаи мубодилоти тиҷории ин кишвар бо Эрон гуфт: Кишвараш наметавонад хариди нафт ва гази табиӣ аз Эронро матаваққиф кунад.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Эрдуғон бо таъкид бар идомаи мубодилоти тиҷории ин кишвар бо Эрон гуфт: Кишвараш наметавонад хариди нафт ва гази табииро аз Эрон мутаваққиф кунад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи ҷумъа дар масири бозгашт аз нишасти солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк дар ҳавопаймо ба телевизиони NTV гуфт: Ба рағми таҳдидоти Амрико мабнӣ бар эъмоли таҳрим, имконпазир нест, ки Туркия хариди нафт ва гази табиӣ аз Эронро мутаваққиф кунад.

Эрдуғон афзуд, ки Туркия аз таҳримҳои эҳтимолии Амрико тарсе надорад ва Анкара моил нест ҳамкории худро бо Теҳрон тира кунад.