Сентябр 30, 2019 16:06 Asia/Dushanbe

Шабакаи телевизиюнии “Алмасира” гӯшаҳое аз дастоварди нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яманро дар амалиёти ғофилгиркунандаи “насрум миналлоҳ” ба намоиш гузошт.

Дар ин тасовир таслеҳоту таҷҳизоти ғанимат гирифташуда, садҳо асир, лавозими шахсӣ, ба вижа кортҳои шиносоии бархе асирон бо миллиятҳои мухталиф ва ҳатто парчами ДИИШ мушоҳида мешавад.

Дар бахше аз ин гузориш, бархе аз усаро мегӯянд: “Ба Худо қасам, маҷбур ба ҳузур дар ҷабҳаҳои ҷанг будем”.

Асире дигар, ки яке аз муборизони яманӣ дар ҳоли бастани дастони захмии ӯст, худро Муҳамад Алусайри муаррифӣ мекунаду мегуяд, аҳли ҷануб аст.

Муборизи яманӣ мепурсад, кадом ҷануб? Вай посух медиҳад: ҷануби Арабистон.

Вай мегӯяд, чунин таблиғ мекарданд, ки бо душманони мо: душманони дину душманони Худо биҷангед.

Дигаре бо саре баста, худро Аҳмад Абдуллоҳ Алъусайри муаррифӣ мекунаду мегуяд, аз Алъусайри Арабистон аст ва ба ӯ гуфтаанд, ҷанги шумо ҷанг бо душманони Худо аст.

 

Барчасп