Бин Салмон: Омодаам Исроилро ба расмият бишносам
(last modified 2019-10-02T09:59:13+00:00 )
Октябр 02, 2019 14:59 Asia/Dushanbe
  • Бин Салмон: Омодаам Исроилро ба расмият бишносам

Як шабакаи амрикоӣ дар мустанаде фош кард, ки Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ ба Амрико ваъда дода буд, омода аст режими саҳюнистӣ (Исроил)-ро ба расмият бишносад.

Шабакаи Пи-би-эс дар мустанаде бо унвони "Валиаҳд", ки шанбе пахш шуд, фош кард, Бин Салмон дар сафари моҳи майи соли 2017 Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Риёз қавл дода буд, ки агар Вашигтон ба Арабистон кӯмак кунад, то "Эронро шикаст диҳад ва бар Ховари Миёна контрол пайдол кунад", режими саҳюнистиро ба расмият мешиносад ва равобитро бо он режим оддӣ мекунад.

Мартин Смитт, муҷрии ин барнома гуфт: Бин Салмон аз Трамп хоста буд, то тазмин диҳад "Амрико ба шикаст додани Эрон кӯмак ва аз баландпарвозиҳои валиаҳд барои табдил шудан ба бозигари калидии Ховари Миёна ҳимоят хоҳад кард".

Бин Салмон дар иваз ваъда дода буд, ки ба Трамп ва домодаш Джаред Кушнер кӯмак мекунад, то муноқишаи Фаластин ва режими саҳюнистиро ҳал кунад.

 

Барчасп