Октябр 04, 2019 20:25 Asia/Dushanbe
  • Омори ҷадид аз шиканҷаи асирони фаластинӣ дар зиндонҳои Исроил

Тибқи гузориши манобеи хабарӣ, беш аз 95 дарсади асирони фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ мавриди шиканҷаҳои ҷисмӣ ва равонӣ қарор мегиранд.

Ба гузориши хабаргузории ИКНА, мақомоти саҳюнист барои эътироф гирифтан аз равишҳои мутааддид дар шиканҷаи асирон ва боздоштшудагони фаластинӣ истифода мекунанд ва ононро ба сурати ҷисмӣ ва равонӣ мавриди шиканҷа қарор медиҳанд.

Бошгоҳи усарои фаластинӣ таъкид кард, ҳудуди 95 дарсад аз боздоштшудагони фаластинӣ аз замони боздошт то замоне, ки ба зиндонҳои умумӣ мунтақил мешаванд, таҳти шиканҷаи исроилиҳо қарор доранд ва шадидтарин равишҳои шиканҷа ба рӯйи онҳо эъмол мешавад.

Бошгоҳи усарои фаластинӣ дар ин гузориш навишт, аз соли 1967 мелодӣ то кунун 73 асири фаластинӣ бар асари шиканҷа дар зиндон ҷони худро аз даст додаанд ва ин мавзуъ ҳамчунон идома дорад. Ин марказ ба мафҳуми шиканҷа дар зиндонҳои Исроил ишора ва таъкид кард, шиканҷа дар ин зиндонҳо танҳо ба маънои эъмоли хушунат алайҳи асирони фаластинӣ дар тайи боздошт ва анҷоми таҳқиқот нест, балки ба маънои истифода аз равишҳои гуногун барои садама задан ба усаро дар дохили боздоштгоҳҳо ва суиистифода аз онҳо барои аҳдофи худ аст.

Дар ин гузориш, бо ишора ба равишҳои шиканҷа дар ин зиндонҳо омадааст: Яке аз муҳимтарин равишҳои шиканҷа - боздошт дар ҳуҷраҳои инфиродӣ ва қарор додани усаро дар шароити бисёр душвор аст. Ба гунае, ки аз камтарин хадамоти беҳдоштӣ низ маҳрум хоҳанд буд. Аз ин рӯ, сиёсати адами дастрасӣ ба беҳдошту хадамоти пизишкӣ яке аз равишҳои шиканҷаи ҷисмӣ ва рӯҳӣ аст, ки мумкин аст ба тадриҷ ба марги асири фаластинӣ хатм шавад.

Аз дигар равишҳои шиканҷаи усарои фаластинӣ метавон ба шиллики гулӯла, ҳамла ба усаро бо саг, танбеҳи шадиди баданӣ бо қундоқи аслиҳа ва кафш ё путини низомӣ, ба занҷир кашидан ва бастани чашмҳо ва урён кардани асир тайи муддате ишора кард.

 

 

 

Барчасп