Октябр 08, 2019 12:46 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Семинари фарҳангии имом Ҳодӣ (а) дар Яман

Семинари фарҳангии имом Ҳодӣ (а) дар Яман баргузор шуд.

Ин семинар ба муносибати солрӯзи вуруди имом Ҳоди (а) ба Яман ва ба ҳиммати Дафтари идораи уқоф ва иршоди вилояти Саъда баргузор шуд.

Ба нақл аз ИКНО, семинари мазкур 6 октябр ба мизбонии масҷиди ҷомеи имом Ҳодӣ (а) дар шаҳри Саъда баргузор шуд ва зиндагиномаи имом Ҳодӣ (а) вуруди ишон ба кишвари Яман ва ҳамчунин нақши бузурги ин имоми бузургвор дар раҳоии яманиҳо аз торикӣ ва сейр ба сӯи нури эмон аз меҳварҳои ин семинар буд.

Мардуми Яман бо донистани арзиш ва асароти волои ин имоми гаронқадр дарёфтаанд, ки тамоми андешаҳои ин ахтари тобнок реша дар Қуръон дорад ва ҳамчунин истодагӣ ва пойдории имрӯзи яманиҳо дар муқобили таҷовузҳои ваҳшиёнаи душман аз самароти ин имоми бузургвор аст.

Ширкаткунандагон дар ин семинар каламотро дар тавсифи дониши бисёр ва атои саршори ин имоми нотавон донистанд ва таъкид карданд, ки рушаноӣ ва басирати имом, то ба имрӯз қалбҳоро дар оғуш гирифта ва имом Ҳодӣ (а) шаҳсавори шамшер ва қалам аст.