Октябр 11, 2019 21:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти Туркия ба Сурия ва оворагии 200 ҳазор суриягӣ

Ҷангандаҳои артиши Туркия барои севвумин рӯз манотиқи шимоли Сурияро бомборон карданд, ки то кунун оворагии 200 ҳазор нафарро дар пай доштааст.

Ба нақл аз шабакаи телевизионии Алмаёдин, манобеи курдӣ эълом карданд, теъдоди оворагон дар манотиқи марзӣ дар паи идомаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва тӯпхонаии артиши Туркия дар ҳоли афзоиш аст.

Шабакаи телевизионии Алахборияи Сурия эълом кард, ки 50 тан аз низомиёни ишғолгари амрикоӣ ба ҳамроҳи таҷҳизот ва таслиҳот аз  Сурия ба Ироқ мунтақил шуданд ва 50 нафар аз боздоштшудагони хориҷии узви гурӯҳи такфирии ДОИШ низ ба ҳамроҳи низомиёни амрикоӣ ба Ироқ интиқол ёфтанд.

 

Барчасп