Октябр 13, 2019 17:50 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳодияи Араб коҳиши робитаҳои дипламатиро бо Туркия хостор шуд

Вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Араб пас аз поёни нишасти фавқулоддаи ин иттиҳодия дар Қоҳира, бо мавӯи таҷовузи Туркия ба шимоли Сурия, коҳиши сатҳи робитаҳои дипломатии кишварҳои арабӣ бо Анқараро ва қатъи ҳамкориҳои низомӣ бо Туркияро хостор шуданд.

Ба нақл аз  ИРНА, аъзои Иттиҳодияи Араб дар ин баёния бо маҳкум кардани таҷовузи Туркия ба хоки Сурия, ин иқдомро дар таноқузи ошкор бо Маншури Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаи 2254-и Шӯрои амният ва таҳдиди мустақим алайҳи амнияти ҷаҳони Араб ва сулҳи ҷаҳонӣ донистанд.

Ин баёния ҳар талош ва иқдоми давлати Дамишқ барои муқобила бо таҷовузи Туркияро ҳаққи мусаллами ин кишвар дар дифои машрӯъ аз худ бар асоси асли 51-и Маншури Милали Муттаҳид хонд ва бар поёни фаврии таҷовузи Туркия ва ақибнишинии бешарти нерӯҳои низомии ин кишвар аз хоки Сурия таъкид кардааст.

Ҳамчунин кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб, иқдомҳои фаврӣ дар баробари Туркия, аз ҷумла коҳиши робитаҳои дипломатӣ ва қатъи ҳамкории низомӣ ва бознигарӣ дар робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ  ва гардишгарӣ бо ин кишварро хостор шуданд.

Вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Араб дар баёнияи худ ҳар гуна талоши Туркия барои тағйири бофти ҷамъиятӣ дар Сурия бо истифода аз зӯр ва иҷроӣ кардани тарҳе ба номи “Миинтақаи амн”-ро нақзи қавонини байналмиллал ва иқдоме зиддиинсонӣ ва мисдоқи ҷиноятҳои ҷангӣ хонданд, ки бояд аз тариқи додгоҳҳои байналмилалӣ мавриди пайгард қарор гирад.

Дар паи ҳамлаи низомии панҷ рӯзи пеши Туркия ба шимоли Сурия, нишасти изтирории Иттиҳодияи Араб ба даъвати Миср дар Қоҳира баргузор шуд.

 

Барчасп