Октябр 13, 2019 19:01 Asia/Dushanbe
  • Курдҳои Сурия бар кушта шудани 75 сарбози Туркия иддао карданд

Нерӯҳои демократии Сурия имрӯз (якшанбе) иддао кард, дар даргириҳои шаҳри марзии Раъсулайн дар шимоли Сурия илова бар кушта шудани 75 сарбози Туркия, 7 танки онҳоро низ мунҳадим кардаанд.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, дар ин даргириҳо 19 сарбози Туркия низ маҷрӯҳ шуданд.

Вазорати дифои Туркия рӯзи гузашта (шанбе) эълом кард, нерӯҳои Туркия ва шибҳи низомиёни мавриди ҳимояти ин кишвар ба таври комил назорати шаҳри Раъсулайн дар атрофи Алҳасакаро ба даст гирифтаанд, аммо манобеи курд ин хабарро рад карданд.

Аз сӯи дигар, хабаргузории Анатолияи Туркия имрӯз эълом кард: Артиши рустои Сулук аз тавобеи шаҳри Талабяз дар шарқи рӯди Фуротро аз идораи гурӯҳҳои курд хориҷ кардааст.

Анатолия идома дод: Артиши Туркия ба ҳамроҳии "Артиши озоди Сурия" (мавриди ҳимояти Туркия) ба пешравиҳои худ ва озодсозии манотиқи ҷадид аз сайтараи террористҳо идома медиҳад.

 

Барчасп