Октябр 15, 2019 19:18 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Қатар: Эрон ҳеҷгоҳ таҳдиди минтақа набудааст

Вазири хориҷаи Қатар таъкид кард, ки рафторҳои Эрон ҳеҷ таҳдиде барои минтақа нест ва Доҳа то кунун шоҳиди рафтори хасмонае аз Эрон набудааст.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад бин Абдурраҳмон оли Сонӣ, муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Қатар дар нишасти амниятии Доҳа таъкид кард, ки кишвараш дар тӯли таърих ҳеҷ мушкиле бо Эрон надоштааст.

Вазири хориҷаи Қатр дар нишасти амниятии Доҳа - 2019 таъкид кард, аз замони иҷрои таҳрими кишвараш тавассути кишварҳои ҳамсоя дар соли 2017 Эрон ҳамвора ба Доҳа кумак кардааст.

Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср аз 5 июни 2017 (15 хурдоди 1396) бо муттаҳам кардани Қатар ба ҳимоят аз терроризм, равобити худро бо ин кишвар қатъ карданд ва марзҳои заминӣ, дарёӣ ва ҳавоиро ҳам ба рӯйи он бастанд.