Дар ихтиёр қарор додани як ҷазираи Арабистони Саудӣ ба Миср
Арабистони Саудӣ як ҷазираро дар ихтиёри Миср қарор додааст.
Як вебсайти фаластинӣ муддаӣ шудааст, ки давлати саудӣ ҷазираи Фарасон воқеъ дар баҳри Сурхро дар ихтиёри Миср қарор додааст.
Ин ҷазира дар наздикии Бобулмандаб ва дар минтақаи Ҷозони Арабистон қарор гирифта ва бидуни ҳеҷгуна шарте дар ихтиёри давлати Миср қарор гирифтааст.
Ба нақл аз Форс, иқдоми давлати саудӣ дар ростои пуштибонӣ аз Бобулмандаб ва назорат бар раванди киштиронӣ аз ин гузаргоҳ то канали Суэтс ва баракс сурат гирифтааст.
Ҳамчунин бо ин иқдоми давлати саудӣ, Миср аз лиҳози ҷуғрофиёӣ ба Эфиопия наздик мешавад. Қоҳира ва Аддис-Абеба бар сари сохти садди Алнаҳза бар руи руди Нил дучори ихтилофи шадид ҳастанд ва ба гуфтаи коршиносон дар сурате, ки ин ихтилофот ҳаллу фасл нашавад, метавонад ба як буҳрон дар қорраи Африқо бадал шавад.
Ҳануз ҳеҷ мақоми расмии саудӣ ё мисрӣ вокунише ба ин хабар нишон надодааст.
Пеш аз ин давлати Миср моликияти ду чазираи Тирон ва Санофир дар баҳри Сурхро ба Арабистони Саудӣ вогузор карда буд, ки бо эътироз ва вокуниши ҷомеаи Миср ҳамроҳ шуд. Бар хилофи иддаои давлати Абдулфаттоҳ Алсиси раиси ҷумҳури Миср фаолони мисрӣ муътақиданд, ки ҳокимияти ин ду ҷазира ба Миср тааллуқ дорад.