Октябр 22, 2019 18:43 Asia/Dushanbe
  • Амрико 1500 зани дииширо аз Сурия ба Ироқ мунтақил кард

Нерӯҳои амрикоӣ беш аз ҳазору 500 нафар аз ҳамсарони аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ-ро аз урдӯгоҳи «Алҳул», воқеъ дар наздикии Ҳасакаи Сурия хориҷ ва ба Ироқ мунтақил кардаанд.

Ба гузориши ИРНА, ин занон пас аз оғози ҳамлаи Туркия ба хоки Сурия ба тадриҷ аз урдӯгоҳи “Алҳул” хориҷ ва бо болгардҳои артиши Амрико ба Ироқ мунтақил шудаанд. Нерӯҳои амрикоӣ аносири гурӯҳи террористии ДИИШ-ро ҳам аз зиндони минтақаи Моликияи устони Ҳасака ба Ироқ мунтақил мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ҳамзамон Амрико дар ҳоли хурӯҷи нерӯҳои низомии худ аз Сурия ба дунболи дастури ахири Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар аст.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷии Русия эълом карда, ки Маскав бо шурӯи амалиёти Туркия дар шимоли Сурия нигарони муҳофизат аз аносири доишии боздоштшуда дар манотиқи таҳти контроли курдҳои Сурия аст. Бисёре аз кишварҳо низ пеш аз ин нисбат ба сарнавишти аносири ДИИШ ва хонаводаи онҳо ҳушдор дода ва онҳоро таҳдиде барои амнияту суботи минтақа донистаанд, бавижа он ки эҳтимол медиҳанд, аносири ДИИШ аз даргирии курдҳо бо нерӯҳои Туркия сӯистифода ва фирор мекунанд.

Ҳамлаи Туркия ба қаламрави таҳти ҳимояти курдҳо дар шимолу шарқи Сурия ба тарсҳо дар бораи қудрат гирифтани дубораи ДИИШ доман задааст. Сухангӯи Нерӯҳои Сурияи демократӣ эълом кард, ки курдҳо дигар наметавонанд масъулияти нигаҳдорӣ аз ҳазорон диишӣ ва ҳомиёни онҳоро бипазиранд. Мустафо Болӣ муддаӣ шуд, ки зиндонҳои курдҳо 12 ҳазор нафар аз гурӯҳҳои дииширо дар худ ҷой дода ва урдӯгоҳҳои ин манотиқ низ мизбони беш аз 90 ҳазор нафар аз хонаводаҳои онон аст. Вай ҳушдор дода, ки ин бомб ҳар замоне мумкин аст, мунфаҷир шавад ва курдҳо дигар наметавонанд масъулияти ҷилавгирӣ аз инфиҷорро бипазиранд.

 

Барчасп