Ҳалимаи 9 моҳа намоди нави ҷиноятҳои саудӣ дар Яман
Дар паи ҳамалоти ахири эътилофи саудӣ ба минтақае дар вилояти Саъдаи Яман як духтари 9 моҳаи яманӣ модарашро аз даст дод ва худаш низ захм бардошт.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, дар паи ҳамлоти рӯзи ҷумаи эътилофи саудӣ-иморотӣ ба хонае дар вилояти Саъда воқеъ дар шимоли Яман ду тан кушта ва чаҳор нафар захмӣ шуданд, ки Ҳалима навзоди 9 моҳа аз ҷумлаи маҷруҳони ин ҳамла аст.
Дар ин ҳамла модари ин навзод ҷони худро аз даст дод ва падар ва бародараш низ захм бардоштанд.


Дар паи ин руйдод тасовири Ҳалима дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба суръат даст ба даст шуда ва ҳоло ӯ ба намоди нави қурбониёни ҳамалоти саудӣ табдил шудааст.
Омори талафоти ҷанги Яман аз соли 2015 то кунун ба сад ҳазор нафар расидааст.