Ноябр 03, 2019 18:08 Asia/Dushanbe
  • Ислоҳот дар Қонуни асосии Ироқ, абъод ва паёмадҳо

Бо тадовуми эътирозҳои мардумӣ дар Ироқ, мавзӯи ислоҳот дар Қонуни асосӣ ба унвони яке аз роҳкорҳо барои посухгӯӣ ба мутолибаҳои мӯътаризон ва коҳиши мушкилоти ин кишвар матраҳ шуд.

Яке аз муҳиммтарин мутолибаҳои мӯътаризони ироқӣ, муборизаи ҷиддии ҳокимият бо фасоди густурдаи ҳоким бар ин кишвар аст. Мақомот ва шахсиятҳои ироқӣ ва ҳамчунин таҳлилгарон масоил Ироқ бар ин бовар ҳастанд, ки омили аслии фасоди густурда дар ин кишвар, ҳоким будани системаи саҳмиябандӣ ва нигоҳи фирқагароёна ба қудрат аст.

Барҳам Солеҳ, раисиҷумҳури Ироқ ҳафтаи гузашта аз оғози фароянди ислоҳот дар Қонуни асосии ин кишвар хабар дод. Муҳаммад ал Ҳалбӯс (Mohamed al-Halbousi), раиси парлумон низ аз ислоҳот дар Қонуни асосӣ ва убур аз фирқагароӣ дар қудрат хабар дод. Ҳодӣ ал Омирӣ, раиси Эътилоф ул-Фатҳ сареҳтар назари худро матраҳ ва унвон кард, ки низоми парлумонӣ дар Ироқ шикаст хурд ва ин кишвар бояд ба самти эҷоди низоми раёсатӣ ҳаракат кунад.

Агарчӣ наметавон фасоди густурдаи ҳоким бар Ироқро сирфан ношӣ аз низоми парлумонӣ донист, аммо дар низоми парлумонии хосси Ироқ, нахуствазир илзоман аз ҳизби пирӯзи интихобот нест ва кобина низ бо ҳадафи ҷалби ризояти гурӯҳҳо ва бар асоси саҳмиябандӣ ташкил мешавад. Бинобар ин, нахуствазир ба навъе ба ҷараёнҳо вобастааст ва ба ҷои посухгӯӣ ба мардум бояд ба гурӯҳҳо посухгӯ бошад. Дар ҳамин ҳол, бархе ҷараёнҳо ҳам дар давлат курсии вазорате доранд ва ҳам дар сафи мӯътаризон қарор мегиранд ва барканории нахуствазири Ироқро пайгирӣ мекунанд.

Эҷоди низоми раёсатӣ, ки дар он раисиҷумҳур ба унвони раиси давлат мустақиман аз сӯи мардуми интихоб шавад ба маънои ин аст, ки раиси давлат ба дур аз чоназании сиёсии гурӯҳҳо баргузида мешавад ва мустақиман низ ба мардум посухгӯ хоҳад буд. Бо ин ҳол, тағйири низом аз парлумонӣ ба сиёсӣ дар сурате созанда хоҳад буд, ки гирифтори саҳмиябандӣ ва фирқагароӣ дар чиниши кобина нашавад, ки албатта бо таваҷҷуҳ ба сохтори ҷамъиятии Ироқ, таҳаққуқи он осон нахоҳад буд. Аз ин рӯ, Маҳмуд Муҳаммад, сухангӯи Ҳизби демократи Курдистон дар вокуниш ба пешниҳодҳо барои тағйири низоми сиёсӣ аз парлумонӣ ба раёсатӣ гуфт: " Нақс дар Қонуни асосӣ нест, балкӣ дар шеваи тафсир ва наҳваи таомул бо он аст." Сухангӯи Ҳизби демократ ҳамчунин лузуми дар назар гирифтани манофеи мардуми Курдистонро дар сурати ислоҳ дар Қонуни асосӣ матраҳ кард.

Мубориза бо фасод ва убур аз низоми саҳмиябандӣ замоне имконпазир ва созанда хоҳад буд, ки миллатсозӣ дар Ироқ ҳавли ҳувияти миллии ироқӣ шакл гирад ва ҷараёнҳои сиёсии ин кишвар низ мафҳуми давлати аксариятиро бипазиранд, мавзӯе, ки Нурӣ Моликӣ, нахуствазири собиқи Ироқ пеш аз ин борҳо онро матраҳ кард.

Мавзӯи дигар ин аст, ки мубориза бо фасод сирфан бо тағйири навъи низом аз парлумонӣ ба раёсатӣ таъмин нахоҳад шуд ва метавонад дастоварди ҳаддиақалӣ дошта бошад. Мубориза бо фасод беш аз ҳама ба қувваи қазоияи мустақил аз давлат ва коромад ниёз дорад. Қувваи қазоияи мустақил метавонад ба дӯр аз нигоҳи фирқагароёна бо фасод ва афроде, ки аз қудрат барои манофеи шахсӣ баҳра мегиранд, бархурди ҷиддӣ дошта бошад. Бар ин асос, дар рӯзҳои ахир ташкили қувваи қазоияи мустақил ба унвони яке аз меҳварҳои ислоҳот дар Қонуни асосии Ироқ матраҳ шуд.