Ноябр 05, 2019 12:28 Asia/Dushanbe
  • Яман: эътилофи саудӣ монеи интиқоли беморон ба хориҷ аз кишвар мешавад

Вазири беҳдошти Яман гуфт, эътилофи мутаҷовизи саудӣ иҷозаи фуруди ҳавопаймоҳои махсуси интиқоли беморон дар фурудгоҳи байналмиллалии Санъоъро намедиҳад.

Алмутавакил эълом кард, ки даҳҳо нафар аз беморони яманӣ аз адами вуҷуди имконоти пизишкӣ дар кишвар ранҷ мебаранд ва камаш 30 ҳазор бемор солона ниёз ба дармон дар хориҷ аз кишвар доранд.

Ба нақл аз Форс, вазири беҳдошти Яман афзуд, эътилофи саудӣ ахиран монеъи фуруди ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳи Санъоъ шудааст, ин дар ҳолест ки тавофуқномаи зиёде бо Созмони Миллал барои нақлу интиқоли бемороне, ки барои дармон бояд ба хориҷ аз кишвар сафар кунанд, вуҷуд дорад.

Вай гуфт, ба далели ин монеътарошиҳои эътилофи мутаҷовиз, теъдоде аз бемороне, ки қарор буд барои дармон ба хориҷ аз кишвар бираванд фавт карданд.

Вазири яманӣ таъкид кард, ки беморони яманӣ ҳамчунон дар бархе аз ҳотелҳои пойтахт мунтазири сафар ба хориҷ аз ин кишвар ҳастанд ва дирӯз дар ин замина тавофуқоте бо Созмони Миллал барои интиқоли онҳо сурат гирифтааст.

Шурои паноҳандагони Норвегия ва Созмони ғайриинтифоии муроқибат ва тасҳили ҳамкориҳо ахиран дар баёнияи муштараке муҳосираи ҳавоии Яман аз сӯи эътилофи саудиро муҷиби марги 32 ҳазор яманӣ дар се соли гузашта эълом кардааст.

Ба гуфтаи ин ду ниҳоди ҳуқуқи башарӣ, эътилофи саудӣ бо муҳосираи ҳарими ҳавоии Яман то кунун муҷиби марги 32 ҳазор бемори яманӣ шудааст.

 

Барчасп