Ноябр 07, 2019 19:49 Asia/Dushanbe
  • Хатари мусодираи комили заминҳои фаластиниён тавассути режими саҳюнистӣ

​​​​​​​Вазорати умури хориҷаи Ташкилоти худгардони Фаластин таъкид кард, иқдомот ва тасмимҳои режими саҳюнистӣ барои тасаллут бар заминҳои Фаластин суръат гирифтааст.

Вазорати умури хориҷаи Ташкилоти худгардони Фаластин таъкид кард, Амрико низ бо ҳимоятҳои худ, фурсате тиллоӣ барои ишғолгарӣ дар ихтиёри саҳюнистҳо қарор додааст то бар доманаи султаи худ дар ин сарзамин афзуда ва Каронаи бохтариро низ бо сарзаминҳои ишғол шуда мулҳақ кунанд ва тамоми фурсатҳо барои ҳокимият ва вуҷуди сарзамине ба номи Фаластинро аз байн бибаранд.

Вазорати хориҷаи Фаластин идома дод, ин тасмимҳо бо дастури мустақими масъулони сиёсии режими саҳюнистӣ иттихоз ва иблоғ мешавад, ки охирини онҳо тасаллути онҳо бар 12.9 гектар аз заминҳои ду минтақаи Зоҳирия ва Самуъ дар ҷануба Ал Халил ва судури ихтор барои мусодираи 200 гектар аз заминҳои рустои Ал Ҷабъаҳ дар ғарби Байт ул Лаҳм ва 24.3 гектар аз заминҳои минтақаи Суриф дар шимоли ғарби Ал Халил ва 6.6 гектар аз заминҳои рустои Байтдақа дар шимоли ғарби Қудс ва 1.5 гектар аз заминҳои минтақаи Лақё дар ғарби Ромуллоҳ аст.

Бар асоси ин гузориш, ҳамла ва дастандозии шаҳракнишинон саҳюнист ба амвол ва заминҳои фаластиниён низ ҳамчунон идома дорад ва илова бар ин чанд тан аз саҳюнистҳои ифротӣ дар давлати ишғолгар низ қавонини нажодпарастона барои густариши султаи режими Исроил ва қонуни саҳюнистӣ дар нуқоти мухталифи Каронаи бохтари танзим ва ироа кардаанд.

Вазорати хориҷаи Фаластин дар идома хотирнишон кард, ишғолгарон ин рӯзҳо ба думболи ин ҳастанд, имкони ташкил ва барпоии ҳукумати фаластиниро барои ҳамеша аз байн бибаранд ва дар ин росто садҳо ва балки ҳазорон гектар аз заминҳои манотиқи ҳассоси Каронаи бохтариро ба баҳонаи идғоми ду кишвар, мусодира кардаанд.

 

Барчасп