Ноябр 07, 2019 20:35 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди вазири мустаъфии Ҳодӣ аз тарҳи Саудӣ ва Иморот дар Яман

​​​​​​​Вазири ҳамлу нақли давлати мустаъфии Яман, тавофуқи Арабистон ва Иморот барои тақсими қудрат дар ҷануби Яманро ба навъе сарпарастии эътилофи Саудӣ бар ин кишвар донист ва аз он ба шиддат интиқод кард.

Пас аз чандин рӯз гумоназани билохира «тавофуқи Риёз», миёни давлати мустаъфии Яман ва нируҳои вобаста ба Иморот дар Арабистони Саудӣ имзо шуд. Тавофуқе, ки ба мӯҷиби он қудрат дар Адан, воқеъ дар ҷануби Яман байни Риёзу Абу Забӣ тақсим шуд.

Ба гузориши Форс, Солеҳ Ал Ҷабвонӣ, вазири ҳамлу нақли давлати мустаъфии Яман дар интиқод аз таҳмили сарпарастии Риёзу Абу Забӣ бар ҷануби Яман гуфт, тавофуқи Риёз, ба эътилофи Саудӣ машрӯъият дод то идораи кишвари Яманро бар ӯҳда бигирад. Вай, ки аз ибтидо мухолифати худро ба тавофуқи Риёз эълом карда буд, афзуд, эътилофи ҳимоят аз давлати қонунӣ (давлати мустаъфӣ) ҳоло худаш давлати қонунӣ шуда ва давлати қонунӣ (ба раёсати Мансур Ҳодӣ) монанди (ал Маҷлис) ал интиқолӣ ба яке аз тарафҳои ин давлат табдил шудааст.

Яке аз мавзӯоте, ки дар тавофуқи Риёз таклифи он мушаххас нест, марбут ба афроде аст, ки дар ҳаводиси ахири Адан ва дигар устонҳои ҷанубии Яман даст доштаанд. Баҳс ва ҷадал дар ин бора миёни Саудӣ, давлати мустаъфӣ ва Иморот ҳанӯз вуҷуд дорад, бавижа ин ки Риёз ва Абу Забӣ мехоҳанд тамоми ин афродро канор бизананд.

Дар ҳамин иртибот, Муҳаммадалӣ ал Ҳавсӣ, раиси Кумитаи олии инқилоби Яман ва узви Шӯрои олии сиёсии ин кишвар, соате пас аз имзои тавофуқи Риёз байни давлати мустаъфии Яман ва Шӯрои интиқоли ҷануб ба ин тавофуқ вокуниш нишон дод ва онро ғайри яманӣ хонд.

 

 

Барчасп