Ноябр 10, 2019 20:26 Asia/Dushanbe
  • Тааррузи даҳҳо шаҳракнишини саҳюнист ба Масҷидулақсо

Шаҳракнишинони режими саҳюнистӣ бори дигар таҳти ҳимояти низомиёни ин режим ба Масҷидулақсо таарруз карданд.

Ба гузориши пойгоҳи лубнонии "Алаҳд", ҳудуди 80 шаҳракнишини саҳюнист имрӯз якшанбе вориди Масҷидулақсо шуданд.

Дар моҳи гузаштаи мелодӣ беш аз 4 ҳазор шаҳракнишини саҳюнист бо ҳимояти низомиёни исроилӣ ба Масҷидулақсо таарруз карданд.

Масҷидулақсо ба унвони намоди аслии ҳуввияти исломӣ - фаластинии шаҳри Байтулмуқаддас, ҳамвора ҳадафи иқдомҳои вайронгаронаи режими ишғолгари Қудс қарор доштааст.

 

 

Барчасп