Ноябр 12, 2019 15:16 Asia/Dushanbe
  • Озодии 10 асири дигари артиш ва Кумитаҳои мардумии Яман

Даҳ нафари дигар аз размандагони артиш ва Кумитаҳои мардумии Яман, ки дар асорати муздурони эътилофи саудӣ дар ҷабҳаи Алҷувф буданд озод шуданд.

Ба нақл аз Форс, ин асирон бо васотати маҳаллӣ ва бидуни кумаки Созмони Миллал озод шуданд.

Абдлуқодир Алмуртазо раиси Кумитаи миллии умури асирон гуфт, ин мубодилаи асирон аз тариқи кумаки маҳалӣ дар ҷабҳаи вилояти Алҷувф анҷом шуд ва таи он даҳ нафар аз асирони артиш ва Кумитаҳои мардумӣ ба оғуши хонаводаҳояшон бозгаштанд.

Таи як ҳафтаи ахир беш аз дувоздаҳ нафар аз нерӯҳои артиш ва Кумитаҳои мардумӣ дар ду ҷабҳаи Лаҳиҷ (ҷануби Яман) ва Маъраб  (маркази Яман) озод шуданд.

Алмуртазо изҳор дошт, ин мубодила аз тариқи кумаки маҳалӣ ва бидуни ин ки Созмони Миллал дар он нақше дошта бошад анҷом шуд, зеро Созмони Миллал бар хилофи ваъдаи худ дар иҷрои тавофуқи Шветсия, ки бахше аз он мубодилаи куллии асирон бо якдигар аст, нотавон буда ва дар ҳоле, ки давлати Санъо омодагии худро барои пешбурди ин парвандаи ҳуқуқи башарӣ эълом кардааст, эътилофи саудӣ бо лаҷоҷат ва ҳамкорӣ накрадан коре барои озодии асирон пеш намебарад.

Аз оғози ташкили Кумитаи миллии умури асирони Яман дар нимаи соли 2015 дар 300 амалиёти табодул, 7000 асир аз тарафайн ё миёнҷигариҳои маҳаллӣ озод шудаанд ва Созмони Миллал дар ҳеҷ як аз онҳо абадан нақше надоштааст.

Барчасп