Дастгирии 25 нафар аз бастагони Албағдодӣ дар Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i48422-Дастгирии_25_нафар_аз_бастагони_Албағдодӣ_дар_Туркия
Мақомоти Туркия аз дастгирии 25 нафар аз бастагони Албағдодӣ раҳбари собиқи гуруҳи террористии ДИИШ хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 16, 2019 14:21 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии 25 нафар аз бастагони Албағдодӣ дар Туркия

Мақомоти Туркия аз дастгирии 25 нафар аз бастагони Албағдодӣ раҳбари собиқи гуруҳи террористии ДИИШ хабар доданд.

Ба нақл аз Спутник, мақомоти давлати Туркия эълом карданд, ки 25 нафар аз бастагони Албағдодӣ  раҳбари собиқи гуруҳи террористии ДИИШро боздошт кардаанд.

Бар асоси ин гузориш 25 нафар аз бастагони Албағдодӣ дар амалиёте дар чаҳор вилояти Туркия дастгир  шуданд.

Чаҳор нафар аз дастгиршудагон ба узвият дар гуруҳҳои терроритсӣ муттаҳам ҳастанд.

Ҳамчунин давлати Туркия тасмим дорад 21 нафари дигар аз бастагони  раҳбари собиқи гуруҳи террористии ДИИШ аз ҷумла ду кудакро аз ин кишвар ихроҷ кунанд.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар моҳи октябр хабари кушта шудани Абубакр Албағдодиро таид кард ва гуфт, Албағдодӣ дар амалиёти нерӯҳои вижаи амрикоӣ дар вилояти Идлиб дар Сурия кушта шудааст.