Ноябр 21, 2019 14:06 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 5 нафар дар ҳамлаи ҷангандаҳои Туркия ба шимоли Сурия

Манобеи хабарӣ аз кушта шудани панҷ нафар аз ғайри низомиёни сурӣ дар ҳамлаи ҷангандаҳои Туркия ба худраве дар РайфуРаққа хабар доданд.

Ба нақл аз Форс, дар ин ҳамлаи ҳавоӣ панҷ нафар аз ғайринизомиёни сурӣ аз ҷумла чанд кудак ҷони худро аз даст доданд.

Бо вуҷуди барқарории оташбас дар шимоли Сурия, ҳамалоти Туркия ба минтақаҳои шимолии ин кишвар ҳар аз гоҳе сурат мегирад ва ба ҳамин далел ниманизомиёни курд мавсум ба нерӯҳои демократики Сурия борҳо эълом карданд, ки Туркия тавофуқи оташбасро поймолсозӣ мекунад.

Манзури ниманизомиёни курд минтақаи амлиётии Туркия бар асоси тавофуқи Соччи аст. Ин тавофуқ 22 октябр дар шаҳри Соччӣ байни Раҷаб Таиб Эрдуғон раиси ҷумҳури Туркия ва Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия ҳосил шуд.

Бар асоси ин тавофуқ нерӯҳои курд дар тули 150 соат, 30 километр аз марзи Туркия ва Сурия ақибнишинӣ карданд ва нерӯҳои амниятии Туркия ва Русия гаштзаниҳои муштаракеро дар ин минтақа анҷом медиҳанд.

Артиши Туркия ба ҳамроҳи террористҳои мавсум ба Артиши озод-и Сурия 9 октябр амалиёти низомии худро дар шимоли Сурия ва бо ҳадафи дур кардани хатари ниманизомиёни курди Сурия оғоз карданд.

 

Барчасп