Ноябр 23, 2019 14:25 Asia/Dushanbe
  • Марги 71 ҳазор бемор ба иллати муҳосираи Яман тавассути эътилофи Саудӣ

Муҳосираи Яман тавассути эътилофи Саудӣ боиси марги 71 ҳазор бемор шуд.

Вазорати беҳдошти Давлати Наҷоти Миллии Яман мегӯяд, тадовуми муҳосираи ин кишвар ва Фурудгоҳи байналмилалии Санъо мунҷар ба марги беш аз 70 ҳазор бемори яманӣ шудааст.

Ба гузориши “Форс”, Юсуф Алҳозирӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Яман гуфт, беш аз 320 бемор дар Яман ба далели муҳосира ва баста будани фурудгоҳи Санъо имкони сафар ба хориҷ барои мудоворо надоранд. Ӯ омори нигаронкунандае аз мизони фавтҳо дар Яман ба далели муҳосираи ин кишвар аз сӯйи иътилофи Саудӣ ироа карда гуфт: «Беш аз 43 ҳазор мавриди фавт дар Яман ба далели адами имкони сафар ба хориҷ доштем». Ин мақоми яманӣ ҳамчунин гуфт: «Беш аз 28 ҳазор мавриди фавт низ ба далели саратон дар Яман сабт шудааст, ки ба иллати муҳосира имкони ироаи дармон ва имконоти зарурӣ барои онҳо вуҷуд надоштааст».

Арабистони Саудӣ таҳти эътилофи арабӣ аз марти соли 2015 ба баҳонаи ҳимоят аз давлати мустаъфии Абдурраб Мансур Ҳодӣ ба Яман лашкаркашӣ кард ва бар асари он даҳҳо ҳазор нафар кушта, ё захмӣ шудаанд. Бар асоси гузориши “Ассошейтед пресс”, ҷанги таҳмилии эътилофи Саудӣ бар Яман мунҷар ба кушта шудани 91 ҳазору 600 яманӣ шудааст.

 

Барчасп