Ноябр 24, 2019 13:35 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати беш аз 2 ҳазор кудаки фаластинӣ

Вазорати иттилоърасонии Фаластин эълом кард ишғолгарони саҳюнист аз соли 2000 то кунун 2094 кудаки фаластиниро ба шаҳодат расондаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати иттилоърасонии Фаластин афзуд: танҳо дар соли 2014, 546 кудаки фаластинӣ шаҳид шуданд.

Дар ҳамин ҳол, аз ибтилои имсол то поёни моҳи октябри гузашта 745 кудак ба дасти ишғолгарони саҳюнист боздошт шудаанд.

Ҳамчунин дар нимаи нахусти имсол чаҳор ҳазор ва 70 кудаки фаластинӣ ба дасти ишғолгарон маҷруҳ шудаанд.

Режими саҳюнистӣ дар ҳоле ин ҷиноятҳоро алайҳи кудакони фаластинӣ муртакиб мешавад, ки тибқи модаи 16 Конвансиони ҳуқуқи кудакон рафтори хушунатомез бо кудакон мамнуъ аст.

Барчасп