Ноябр 25, 2019 19:32 Asia/Dushanbe
  • Алҷубайр ҳамчунон ба дунболи иттиҳомсозӣ алайҳи Эрон аст

Амрико ва Оли Сауд мекӯшанд, дар мавзӯи ҳамла ба “Арамко” ҳамчунон ангушти иттиҳомро ба сӯйи Эрон нишона кунанд.

Одил Алҷубайр, вазири мушовир дар умури хориҷии Арабистон дар идомаи ин сенария бори дигар муддаӣ шуд, ки Эрон омили ҳамла ба таъсисоти “Арамко” будааст. Вай рӯзи шанбе дар нишасти «Гуфтугӯи Манама» бо такрори ин иддао, ки паҳподҳое, ки “Арамко”-ро ҳадаф қарор доданд, сохти Эрон будаанд, афзуд: «Арабистони Саудӣ бо гуфтугӯ бо Эрон мухолиф нест, аммо посух ба Эрон бояд ба гунае бошад, ки монеъ аз такрори ин ҳамалот шавад. Сиёсати розӣ нигаҳ доштани Эрон ҷавоб намедиҳад, ҳамон тавр ки дар таомул бо Ҳитлер ҷавоб надод». Вазири мушовир дар умури хориҷии Саудӣ ҳамчунин бо ишора ба ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс таъкид кард: “Ҳузури амрикоиҳо дар Халиҷи Форс на танҳо коҳиш нахоҳад ёфт, балки афзоиш меёбад”. Алҷубайр, ки барои сарпӯш гузоштан бар ҷиноёташ бо ҳимояти Амрико то кунун лаффозиҳои зиёде кардааст, ин бор ҳам саъй кард, то бо тамассук ба Ҳитлер ва ҳамсонсозиҳои музҳик ҷиноёташ дар Яманро тавҷеҳ кунад.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз чаҳордаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.  Дар посух ба ин ҷиноёт артиши Яман дар 14 сентябр эълом кард, ки дар иқдоми талофиҷӯёнае бо 10 паҳпод таъсисоти нафтии Арабистон дар шарқи ин кишварро ҳадаф қарор додааст. Дар ин ҳамла полоишгоҳҳои «Бақиқ» ва «Харис»-и вобаста ба ширкати нафтии “Арамко” дар минтақаи Шарқияи Арабистони Саудӣ ҳадаф қарор гирифтанд. Тибқи гуфтаи мақомҳои Саудӣ, бар асари ин ҳамалот тавлиди нафт дар ин полоишгоҳҳо ҳудуди панҷ миллион бушка коҳиш ёфт. Пойгоҳи хабарии «Экспресс» дар гузорише бо ишора ба оғози арзаи аввалияи саҳоми «Арамко» навишт, ҳамлаи артиши Яман ба таъсисоти нафтии “Арамко” сабаби коҳиши 500 миллиард фунт аз арзиши ин ширкати нафтии Арабистон шудааст. Ин расонаи англисӣ афзуд: «Муҳаммад ибни Салмон ба дунболи фурӯши бузургтарин дороии подшоҳӣ ба арзиш ҳудуди 1.1 триллион фунт аст. Ин рақам акнун дар қиёс бо тахмине, ки дар нимаи аввали соли 2019 зада шуд, уфти шадидеро нишон медиҳад. Пеш аз ин арзиши “Арамко” беш аз 1.5 триллион фунт тахмин зада шуда буд». Алҷубайр тасаввур мекард, бо қудрати низомӣ ва харидҳои таслиҳотӣ аз Амрико метавонад артиш ва муқовимати Яманро дар чанд рӯз шикаст диҳад, аммо дар майдони воқеии набард собит шуд, ки системаҳои пешрафтаи дифоӣ ва гаронқимати онҳо ҳатто тавони раҳгирии мушакҳо ва паҳподҳои яманиро надорад ва барои ҷуброни ин шармсорӣ ба дигарон туҳмат мезананд. Нашрияи амрикоии "Ҳилл" дар бораи таҳаввулоти Яман навишт: "Арабистон дар Яман ба бунбаст расидааст ва достони воқеии Яман ин аст, ки Арабистон аз лиҳози низомӣ дар ин кишвар ба дарди сар афтодааст". Албатта, пазируфтани ин воқеият, ки зарба хӯрдан аз артиш ва муқовимати Яман барои Амрико ва Оли Сауд саршикастагист, осон нест.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар ҳошияи панҷоҳу дувумин солгарди таъсиси ASEAN дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба иттиҳомоти Амрико ва Арабистон дар хусуси дахолати Теҳрон дар ҳамла ба таъсисоти “Арамко” гуфт: “Мо босароҳат гуфтем, ки Амрико ба ҷойи ин ки дунболи фарофиканӣ бошад, бояд дунболи нигоҳ кардан ба воқеиёт бошад. Ман эҳсос мекунам, давлати Амрико мехоҳад воқеиёти минтақаи моро ба фаромӯшӣ биспорад, ки алъон чаҳору ним сол аст, мардуми Яман таҳти шадидтарин ҷиноёт алайҳи башарият қарор доранд. Ин ҷиноётро ҳама созмонҳои байналмилалӣ таъйид карданд, дар Яман кӯдакон ва навзодон дар ин чандсола ба хотири бомбаборонҳое, ки ҳадафи онҳо кӯдакон буданд, кушта шуданд. Мардуми Яман аз худашон дифоъ карданд”. Акнун Арабистон ба дунболи роҳҳале барои хурӯҷ аз ботлоқи Яман аст, аммо танҳо роҳи хурӯҷ аз ин ботлоқ таваққуфи ҷанг алайҳи Яман аст.