Радди шартҳои Амрико барои ташкили ҳукумати нав аз суи Ҳизбуллоҳ
(last modified Tue, 26 Nov 2019 08:53:39 GMT )
Ноябр 26, 2019 13:53 Asia/Dushanbe
  • Радди шартҳои Амрико барои ташкили ҳукумати нав аз суи Ҳизбуллоҳ

Ҳизбуллоҳ шартҳои ИМА барои ташкили ҳукумати нави Лубнонро рад кард.

Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳ ба шартҳои ИМА барои ташкили ҳукумати нави Лубнон мухолифат кард ва гуфт, ки ҳукумати нав бояд “ наҷотӣ” бошад то чораҳои ислоҳӣ ва мубориза алайҳи фасодро оғоз  кунад.
  Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс ,шайх Наим Қосим гуфт : Ҳамаи мардум ва ҳизбҳои сиёсии Лубнон бо оғози ислоҳот ва баррасии авзоъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мувофиқ ҳастанд ва ин нуқтаи муштарак байни онҳост.

Вай афзуд: «Давлати нав бояд давлати наҷоти бошад, ки ҷилави шароити нобасомони молӣ ва иқтисодии кишварро бигирад ва шурӯъ ба анҷоми иқдомоти ислоҳии густурда, монанди мубориза бо фасод ва муҷозоти муфсидон кунад ва монеъи баҳрабардори сиёсии хориҷӣ шавад.

Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон пеш аз ин низ дар мусоҳибае, дахолатҳои Амрико дар умури дохилии Лубнонро омили аслии ташкил нашудани давлати нав дар ин кишвар донист.

 Муовини Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: «Мақомоти Амрико тамосҳои мустақиме бо сиёсатмадорони лубнонӣ доранд ва ба онҳо мегӯяанд "Иҷоза бидиҳед бо ҳам ба тафоҳум бирасем" ва ҳар чи қадр мудохилаи онҳо бештар шавад ҳалли буҳрони Лубнонро ба таъхир меандозанд. Ҳамакнун иллати таъхир дар бурунрафт аз буҳрон, Амрикост».

  Лубнон аз 16 октябр дар эътироз ба авзоъи маишатӣ ва иқтисодӣ ва ҷорӣ кардани андоз ба бар бархе аз хадамоти давлатӣ, ба арсаи баргузории тазоҳуроти мардумӣ табдил шудааст ва мӯътаризон хоҳони ислоҳоти ҷиддӣ ва барканории масъулони фосид ва бесалоҳият ҳастанд.