Башор Асад дар марги Ал Бағдодӣ тардид кард
Раисиҷумҳури Сурия дар мусоҳиба бо нашрияи фаронсавӣ гуфт, мавзӯи кушта шудани саркардаи ДИИШ, намоишномае амрикоӣ аст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия дар гуфтугӯи тоза бо нашрияи электронии Paris Match (Пари Матч) гуфт, ки бо ҳамаи террористҳои ҳозир дар Сурия, тибқи қонун бархӯрд хоҳад шуд.
Асад дар бораи ташаккури Доналд Трамп аз Сурия пас аз қатли Ал Бағдодӣ афзуд, ончӣ бояд пурсид ин аст, ки оё Ал Бағдодӣ воқеан кушта шуда ё хайр? Ин намоишномаи фавқулодае аст, ки амрикоиҳо дуруст кардаанд.
Раисиҷумҳури Сурия дар бораи сарнавишти ҷанги Сурия низ гуфт, ҷанг сахт аст ва мо қудрати бузурге нестем ва ҳамзамон бо ғанитарин ва қавитарин кишварҳои дунё меҷангем.
Асад афзуд, бархе вақтҳо пешбинии ҳатто натиҷаи як бозии тенниси ду нафара сахт аст, чӣ расад ба ҷанге, ки даҳҳо бозигар ва садҳо ҳазор ҷангҷӯ дорад.