Такзиби озодии 200 асири яманӣ
Раиси Кумитаи миллии умури асирони Яман эълом кард, бархе хабарҳо дар хусуси озодии 200 асири артиш ва кумитаҳои мардумӣ сиҳат надорад.
Абдулқодир Алмуртазо, раиси Кумитаи умури асирони Яман эълом кард, хабарҳои мунташиршуда мабнӣ бар ин, ки эътилофи Саудӣ 200 асир аз артиш ва кумитаҳои мардумиро озод карда, сиҳат надорад.
Ба нақл аз Форс, вай дар саҳифаи Твиттери худ навишт, то ин лаҳза инчунин иттифоқе наафтода ва ҳама чиз дар замони муносиб тавзеҳ дода хоҳад шуд.
Туркӣ Алмоликӣ, сухангӯи эътилофи Саудӣ дирӯз (сешанбе муддаӣ шуд, ки ин эътилоф тасмим гирифтааст, то дар ростои иҷрои тавофуқи Стокголми Шветсия 200 асири яманиро озод кунад.
Ӯ ҳамчунин гуфт, бо ҳамоҳангии Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ қарор аст парвозҳо ба самти фурудгоҳи Санъо ҷиҳати интиқоли беморони ниёзманд ба эъзом ба хориҷ аз Яман тасҳил шавад.