Ноябр 28, 2019 12:33 Asia/Dushanbe
  • Юриши 1400 саҳюнист ба мақбараи Юсуфи набӣ (а) дар Наблус

1400 саҳюнист бо баҳонаи баргузории маносики яҳудӣ имрӯз ба мақбараи Юсуфи набӣ (а) дар шарқи Наблус юриш бурданд.

Ба гузориши ИКНА, дар ин юриш, ки бо баҳонаи баргузории маносики яҳудӣ анҷом шуд, Рафи Перетз, вазири омӯзишу парвариши Исроил, Юси Даган, раиси Шӯрои иқлими шаҳракнишинон ва чанд хохом низ ҳузур доштанд. Ҳамчунин манобеи хабарӣ эълом карданд, шуморе аз фаластиниён дар даргирӣ бо нерӯҳои режими саҳюнистӣ, ки дар маҳдудаи атрофи мақбараи Юсуфи набӣ (а) ҳузур доштанд, захмӣ шуданд. Шоҳидони айнӣ низ аз вуҷуди теъдоди зиёди мошинҳои низомии Исроил ва булдозер дар атрофи ин макон хабар доданд. Сарбозони режими саҳюнистӣ низ дар хиёбонҳои атрофи ин макон ҳузур доштанд ва иқдом ба шиллики гулӯла ва гази ашковар карданд.

 

Барчасп