Декабр 04, 2019 22:16 Asia/Dushanbe
  • Оғози гуруснанишинии беш аз 30 асири фаластинӣ

Беш аз 30 асири фаластинӣ дар эътироз ба хушунат ва саркӯби идораи умури зиндонҳои режими саҳюнистӣ даст ба эътисоби ғизо заданд.

Ба гузориши “Форс”, бошгоҳи “Аласир”, вижаи расидагӣ ба умури усаро эълом кард, идораи умури зиндонҳои режими саҳюнистӣ аз моҳи гузашта (октябр) то кунун дар ҳоли саркӯби усарост ва онҳоро ба боздоштгоҳи “Нафҳа” мунтақил кардааст.

Бошгоҳи “Аласир” дар идома тасреҳ кард, идораи умури зиндонҳо усароро таҳдид карда, дар сурати иҷро кардани эътисоби ғизо ё гуруснанишинӣ, онҳоро ба бахше мунтақил мекунад, ки селлулҳои он пур аз ҳашара аст ва қобили зиндагӣ кардан нест.

Идораи умури зиндонҳои режими саҳюнистӣ аз оғози соли ҷории мелодӣ (2019) хушунати бисёре дар саркӯби созмондеҳишудаи усаро ба кор гирифта, ки дар пайи он даҳҳо асир, ба вижа дар зиндонҳои Вннақб ва Авфар маҷрӯҳ шудаанд.

Дар поёни ҳафтаи гузашта идораи зиндонҳо усароро ба зиндони Асқалон бозгардонд, тамоми васоили усаро шикаста шуда буд ва бар рӯйи як Қуръон низ ҷойи по вуҷуд дошт.

Дар ҳамин иртибот, бошгоҳи “Аласир” ҳафтаи ҷорӣ эълом кард, режими саҳюнистӣ Ноэл Барғусии  62 соларо аз зиндони Биър Ассабаъ – Эйшл ба зиндони Ҳадорем мунтақил кардааст.

Бар асоси гузориши шабакаи “Алмаёдин”, бошгоҳи “Аласир” эълом кард, ин иқдом дар ростои бахше аз танбеҳоти дар назар гирифташуда алайҳи Барғуси анҷом шудааст. Танбеҳоте, ки шомили зиндони инфиродии танг ва пур аз суску ҳашарот ба муддати як ҳафта, ҷарима молӣ ва маҳрумият аз дидори хонавода аст.

 

 

Барчасп