Декабр 08, 2019 18:30 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши чашмгири маҳбубияти эътилофи ҳоким бар Туркия

Органи расмии ҳизби мухолифи давлати Туркия аз коҳиши маҳбубияти Иттиҳоди Ҷумҳур дар ин кишвар хабар дод.

Рӯзномаи "Ҷумҳурият"-и Туркия ба нақл аз Умар Унол, ки аз Ҳизби адолат ва тавсиа истеъфо дода ва ба ҳизби ҷадиде ба раёсати Аҳмад Довудӯғлу мулҳақ шудааст навишт: Бар асоси натоиҷи назарсанҷиҳо, маҳбубияти Иттиҳоди Ҷумҳур муташаккил аз Ҳизби адолат ва тавсиа ба раёсати Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Ҳизби ҳаракати миллигаро ба раёсати Давлат Боғчалӣ ба 40 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, Иттиҳоди Ҷумҳур дар моҳи ноябри 2020-и мелодӣ дар бораи баргузории интихоботи зудҳангом тасмимгирӣ хоҳад кард, зеро масоили иҷтимоӣ ва иқтисодии Туркия беш аз пеш афзоиш ёфтааст ва Иттиҳоди Ҷумҳур наметавонад аз ӯҳдаи ҳалли ин масоил барояд.

 

Барчасп