Декабр 17, 2019 12:54 Asia/Dushanbe
  • Мавзеи оятуллоҳ Систонӣ дар баробари интихоби нахуст вазири нави Ироқ

Як манбаи наздик ба марҷаияти олии шиаён дар Ироқ бар бетарафии марҷаият дар раванди интихоби нахуст вазири нави ин кишвар таъкид кард.

Дар остонаи ройзаниҳои сиёсӣ барои муаррифии номзади нави нахуст вазирии Ироқ, манобеи расонаӣ аз бетарафии марҷаияти шиаён дар Ироқ дар бораи номзадҳои эҳтимолии ин пуст хабар медиҳанд.

Ба нақл аз Форс, пойгоҳи хабарии Бағдод-Алявм ба нақл аз як манбаи огоҳи наздик ба марҷаият эълом кард, ки марҷаият, интихоби нахуст вазирро бар асоси усул ва маводи Қонуни асосии кишвар бар уҳдаи фроксионҳои сиёсӣ медонад ва ҳеҷ мулоҳизаи хосе дар бораи номзади тасаддии ин пуст надорад ё номзади хоссеро таид намекунад.

Ин дар ҳолест, ки манобеи огоҳи сиёсӣ, душанбе 16 декабр эълом карданд, ки Барҳам Солеҳ раиси ҷумҳури Ироқ феҳресте шомили номзадҳои тасаддии ин пуст дарёфт кардааст, ки муҳимтарини онҳо Муҳаммад Шиёъ Алсавдонӣ, Ассаъд Алъайдонӣ ва Мустафо Алкозимӣ ҳастанд ва бархе тазоҳуроткунандагон низ қозӣ Роид Ҷуҳиро пешниҳод кардаанд, аммо бархе дигар аз тазоҳуроткунандагон алайҳи ин номзад шиор сар медиҳанд ва вайро қабул надоранд.