Сафари муовини сиёсии вазири хориҷаи Амрико ба Лубнон
Декабр 20, 2019 21:40 Asia/Dushanbe
Дейвид Ҳил, муовини сиёсии вазири хориҷаи Амрико имрӯз вориди Бейрут шуд ва қарор аст бо мақомоти лубнонӣ дидор кунад.
Ба гузориши “Форс”, Ҳил аз соли 2013 то 2015 сафири Амрико дар Лубнон будааст ва бинобар эъломи Сафорати Амрико, Ҳил дар ин сафари худ бар пойбандии Амрико ба шарокат бо давлати Лубнон таъкид мекунад ва раҳбарони сиёсии Лубнонро ба пойбандӣ ба ислоҳоти зарурӣ барои расидан ба кишвари босубот, шукуфо ва амн ташвиқ хоҳад кард.
Ӯ рӯзи панҷшанбе низ дар Бағдод бо Барҳам Солеҳ, раисҷумҳури Ироқ дидор кард.
Солеҳ дар ин дидор таъкид кард, ки роҳи ҳалҳои ироашуда барои авзои феълии Ироқ бояд ба тасмими миллӣ посухгӯ буда ва ба дур аз мудохилоти хориҷӣ бошад.