Декабр 21, 2019 18:57 Asia/Dushanbe
  • Ду ҳазор диишии хориҷӣ дар зиндонҳои Сурия

Як мақоми баландпояи давлати Амрико эълом кард, ҳудуди 2 ҳазор нерӯи хориҷии гуруҳаки террористии ДИИШ дар зиндонҳои Сурия дар боздошт ҳастанд.

Ба нақл аз Спутник, ин мақоми амрикои, ки расонаҳо ба номи вай ишора накардаанд афзуд, илова бар ин ҳудуди 70 ҳазор зану кудаки барҷоймонда аз хонаводаҳои узви ДИИШ дар Сурия зиндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи вай Амрико дар соли 2019 ҳашт шаҳрванди дишиии худро ба ин кишвар бозгардонд, ки шаш нафари онҳо таҳти пайгардҳои қонунӣ қарор доранд.

Ҳамчунин 15 кудак низ ба Амрико бозгардонда шуданд.

Қазоқистон ҳам садҳо нафар аз шаҳрвандони худ ва Босния ва Ҳерсеговина низ 25 нафар аз шаҳрвандони кишварашонро, ки аз аъзои ДИИШ ва ё хонаводаҳои ашхоси муртабит бо ДИИШ будаанд пазируфтаанд.