Интиқоди Дидбони ҳуқуқи башар аз бадрафториҳои Иморот бо хонаводаи мухолифон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i49321-Интиқоди_Дидбони_ҳуқуқи_башар_аз_бадрафториҳои_Иморот_бо_хонаводаи_мухолифон
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар эълом кард, дастгоҳи амниятии Иморот даҳҳо нафар аз наздикони афроди дастгиршуда ё мухолифони муқими ин кишварро мавриди озор ва азият қарор медиҳанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 22, 2019 21:13 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Дидбони ҳуқуқи башар аз бадрафториҳои Иморот бо хонаводаи мухолифон

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар эълом кард, дастгоҳи амниятии Иморот даҳҳо нафар аз наздикони афроди дастгиршуда ё мухолифони муқими ин кишварро мавриди озор ва азият қарор медиҳанд.

ИРНА гузориш дод, Майкл Пейдж, муовини мудири бахши ғарби Осиё ва шимоли Африқо дар Дидбони ҳуқуқи башар, рӯзи якшанбе бо истинод ба вазъи хонаводаи ҳашт нафар аз хонаводаи мухолифони давлати Иморот гуфт: Абу-Заби тобеияти 19 нафар аз наздикони ду мухолифи иморотиро салб кардааст ва дар ҳоли ҳозир, дастикам 30 нафар аз бастагони шаш мухолиф иҷозаи сафар надоранд.

Пейдж афзуд: Ҳамчунин 22 нафар аз наздикони се мухолифи иморотӣ наметавонанд асноди ҳуввиятии худро тамдид кунанд.

Пейдж афзуд: Иморот бояд ин иқдомоти талофиҷӯёнаро, ки то сатҳи муҷозоти ҷамъӣ пеш меравад, мутаваққиф кунад.