Декабр 23, 2019 15:55 Asia/Dushanbe
  • Арабистон панҷ нафарро ба иттиҳоми қатли Хошуқчӣ эъдом мекунад

Додситонии Арабистон 5 нафар аз муттаҳамони дахолат дар қатли Ҷамол Хошуқчӣ рӯзноманигори мунтақиди саудиро ба эъдом маҳкум кард.

Ба нақл аз ИРНО, додситонии Арабистон рӯзи душанбе ҳамчунин 3 муттаҳами дигарро ба зиндонҳои тулонимуддат то 24 сол маҳкум кардааст.

Ҷамол Хошуқчӣ рӯзноманигори мухолифи валиъаҳди саудӣ, дуввуми октябри 2018 пас аз муроҷеа ба консулгарии Арабистон дар Истунбули Туркия рабуда шуд ва ба қатл расид.

Гузоришҳои мунташира аз сӯи давлати Туркия нишон медиҳад, ки қатли ин рӯзноманигори мухолиф ба дастури мустақими Муҳаммад бин Салмон валиъаҳди саудӣ анҷом шудааст.

Пештар Сауд Алқаҳтонӣ мушовири Девони подшоҳии саудӣ ва аз наздикони Муҳаммад бин Салмон ва Аҳмад Алъасирӣ муовини дастгоҳи иттилооти умумии саудӣ бо дастури Салмон бин Абдулазиз подшоҳи саудӣ боздошт, аммо аз ҳар иттиҳоме табраъа шуданд.

Ин дар ҳолест, ки аз Сауд Алқаҳтонӣ ба унвони фарди мавриди итминони Муҳаммад бин Салмон ном бурда мешавад, ки вазифашиносӣ ва ҳазфи мухолифони саудӣ дар хориҷи кишварро бар уҳда дорад.

Барчасп