Декабр 25, 2019 14:32 Asia/Dushanbe
  • Арабистон як нафткаши дигари ирсолӣ ба Яманро тавқиф кард

Ширкати нафти Яман эълом кард, эътилофи саудӣ ба саркардагии Арабистон як фарванд нафткаши дигарро, ки ба самти бандари Алҳудайда дар ғарби Яман дар ҳаракат буд, тавқиф кард.

Ба нақл аз ИРНА, Ширкати нафти Яман дар баёнияе бо ишора ба ин, ки эътилофи саудӣ то кунун ҳашт фарванд нафткашро, ки ба мақсади Яман дар ҳаракат буданд, тавқиф кардааст меафзояд: Киштиҳои тавқифшуда тавассути Арабистон ҳомили беш аз 88 ҳазор тонна бензин ва ҳудуди 128 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ будааст.

Ширкати нафти Яман таъкид кард: Ҳамаи ин киштиҳо муҷаввизи Созмони Милали Муттаҳид барои вуруд ба бандари Алҳудайдаи Яманро доштанд.

Арабистон бо идомаи сиёсати тавқифи киштиҳои нафтӣ, дар садади танг кардани арса ба шаҳрвандони яманӣ ва афзоиши ранҷу мушкилоти онҳост.

Режими Оли Сауд дар ҳоле ин киштиҳоро тавқиф карда, ки Яман беш аз чор сол аст дар муҳосира қарор дорад ва мардуми ин кишвар дар бадтарин авзои инсонӣ зиндагӣ мекунанд.

 

Барчасп