Ду кушта дар ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ дар шарқи Арабистон
Декабр 25, 2019 21:00 Asia/Dushanbe
Бар асари ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ ба манотиқе дар шарқи Арабистон, ду шаҳрванди ин кишвар ҷони худро аз даст доданд.
Ба гузориши “Форс”, дастгоҳи амниятии Арабистони Саудӣ бо интишори тасвире аз нерӯҳои худ, ки дар ҳоли тирандозӣ ҳастанд, аз кушта шудани ду шаҳрванди саудӣ хабар дод.
Нерӯҳои амниятӣ ба шаҳри Ад-Димом дар минтақаи Шарқия (шарқи Арабистон) ҳамла ва ҷонбохтагонро “аносири террористӣ” муаррифӣ карданд.
То кунун созмонҳои ҳуқуқи башарии байналмилалие мисли Афви Байналмилал борҳо аз Арабистони Саудӣ хостаанд, бо пӯшиши қонуни мубориза бо терроризм, норозиёни сиёсӣ ва иҷтимоиро саркӯб накунад.
Барчасп