Декабр 30, 2019 20:31 Asia/Dushanbe
  • Такзиби музокираи Ҳамос ва режими саҳюнистӣ

 Ҳамос музокира барои оташбаси тӯлонимуддат бо Исроилро такзиб кард.

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), имрӯз душанбе бо интишори баёнияе дар вебгоҳи расмии худ, ҳар гуна музокира барои оташбас бо режими саҳюнистиро такзиб кард ва гуфт, муҳосира ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши Форс, дар баёнияи Ҳамос омадааст: “Таъкид мекунем, ки муҳосира ва таҳримҳо ҳанӯз по бар ҷост ва душмани саҳюнист ба тааҳҳудоташ дар чорчӯби тафоҳумҳое, ки бо васотати Миср пештар ҳосил шуда буд, амал накардааст”.

Ин ҷунбиш аз ҳамаи тарафҳои дахил дар мавзӯи оташбас хост, ки ба масъулияти худ «барои мутаваққиф кардани муҳосираи навори Ғаза ва мутаваққиф кардани таҳримҳои таҳмилӣ бар навори Ғазза аз ҷониби Исроил ё Ташкилоти худгардон» амал кунанд.

Навори Ғаза аз соли 2007 дар муҳосираи режими саҳюнистӣ қарор гирифтааст. Ин борика дар соҳили Мидитарона, ҳафт гузаргоҳ дорад, ки иртиботи дохил ва хориҷ аз Ғаза фақат аз ин гузаргоҳҳо имконпазир аст. Шаш гузаргоҳ, таҳти контроли комили режими саҳюнисте ва як гузаргоҳ дар марзи Ғаза ва Миср аст, ки Рафаҳ ном дорад. Рӯз гузашта “Канали 12”-и телевизиони режими саҳюнистӣ муддаӣ шуда буд, ки дар раванди музокирот барои барқарории оташбаси тӯлонимуддат байни Исроил ва Ҳамос, андаке пешрафт ҳосил шудааст. Ин канали хабарӣ гуфта буд, ки Ҳамос намепазирад, ки дар чорчӯби музокироти оташбаси тӯлонимуддат, амалиёт дар Каронаи бохтарӣ мутаваққиф шавад.

 

Барчасп