Декабр 31, 2019 10:31 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Муқтадо Садр барои ихроҷи низомиёни Амрико аз Ироқ

Раҳбари ҷараёни Садри Ироқ эълом кард агар нерӯҳои Амрико аз ин кишвар хориҷ нашаванд онҳоро аз роҳи сиёсӣ ва қонунӣ аз Ироқ берун хоҳад кард.

Ба нақл аз ИСНО, Муқтадо Садр раҳбари ҷараёни Садри Ироқ бо интишори пайёме дар саҳифаи ихтисосии худ дар Твиттер дар вокуниш ба ҳамлаи шомгоҳи якшанбеи Амрико ба мавзеъҳои Ҳашад Шаъбӣ навишт, агар нерӯҳои Амрико аз ин кишвар хориҷ нашаванд ба шакли дигар амал мекунем.

Вай афзуд, мо пеш аз ин дар бораи ворид кардани Ироқ ба низоъҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ ҳушдор дода будем ва гуфтем, ки Ироқ ва миллати он дигар таҳаммули ин иқдоми бепарворо надоранд.

Муқтадо Садр хотирнишон кард, мо агар пештар барои ихроҷи ишғолгарон аз тариқи муқовимати низомӣ ҳамкорӣ мекардем ин иттифоқ рух намедод.