Маҳбус шудани низомиёни амрикоӣ дар сафорати ин кишвар дар Бағдод (видео)
(last modified Tue, 31 Dec 2019 15:45:45 GMT )
Декабр 31, 2019 20:45 Asia/Dushanbe

Дар пайи тазоҳуроти густардаи мардуми Ироқ алайҳи ҳамлаи Амрико ба пойгоҳи Нерӯҳои басиҷи мардумии ин кишвар ва ҳамлаи онон ба сафорати Амрико дар Бағдод низомиёни амрикоӣ дар дохили сафорати кишварашон маҳбус шудаанд.

Сафорати Амрико дар Бағдод имрӯз шоҳиди таҷаммӯи садҳо ироқӣ буд, ки ба ҳамлаи ҳавоии Амрико ба нерӯҳои басиҷи мардумӣ мавсум ба “Ҳашдушшаъбӣ” эътироз доштанд.

Муқобилаи муҳофизони сафорати Амрико дар Бағдод бо касоне, ки дар эътироз ба ҳамлаи ҳавоии Амрико ба нерӯҳои низомии ироқӣ муқобили сафорат таҷаммӯъ карданд, беш аз шаст маҷрӯҳ бар ҷо гузошт.