Январ 01, 2020 18:44 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии пӯиши мардумии “Ман ироқӣ ҳастам” барои ихроҷи низомиёни амрикоӣ

Иттиҳоди уламои мусулмон дар устони Диёла, аз роҳандозии пӯиши мардумии “Ано ироқӣ” барои ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ хабар дод.

Иттиҳоди уламои мусулмон дар устони “Диёлаи Ироқ, имрӯз (чаҳоршанбе - 1 январ) аз ба роҳ афтодани як пӯиши мардумӣ бо номи “Ано ироқӣ” (ман ироқӣ ҳастам) барои ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, Ҷаббор Ал-Маъмурӣ, раиси Иттиҳоди уламои мусулмон гуфт, ин иттиҳод пӯиши мардумӣ таҳти унвони “Ман ироқӣ ҳастам” -ро барои ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар ва поён додан ба ҳузури ҳазорон сарбози Амрико дар пойгоҳҳои низомӣ дар шимолу ғарб ва маркази Ироқ ба роҳ андохтааст.

Вай афзуд, ки созмондеҳӣ барои баргузории тазоҳуроти мардумӣ дар устонҳои мухталиф, ба манзури эъмоли фишор бар парлумон ва давлат барои иттихози як тасмими расмӣ барои лағви тавофуқномаи амниятии имзошуда бо Амрико ва хуруҷи нерӯҳои он аз Ироқ, аз ҷумла барномаҳои ин пӯиши мардумӣ аст.

Ал-Маъмурӣ гуфт, ин тасмим пас аз ҷиноёти ваҳшатноки Амрико алайҳи ироқиҳо, ки охирини онҳо - ҷиноят алайҳ ягонҳои “Ҳашдушшаъбӣ” ва шаҳодату маҷрӯҳияти беш аз 70 нафар дар устони Аланбор иттихоз шуд.

Номи ин пӯиши мардумӣ “Ман ироқӣ ҳастам” аст ва далели ин номгузорӣ иддаои бархе мақомоти амрикоӣ ва расонаҳои вобаста ба онҳо дар хусуси ин ки таҳассункунандагон муқобили сафорати Амрико дар Бағдод аз Эрон дастур мегиранд ва вобаста ба ин кишваранд, аст.