Январ 06, 2020 22:09 Asia/Dushanbe
  • Риёз хостори баргузории нишасти сарони кишварҳои ҳошияи Баҳри Сурх шуд

Давлати Саудӣ зимни таъкид бар лузуми ҳамкории кишварҳои ҳошияи Баҳри Сурх, аз нишасти сарони ин кишварҳо дар Риёз дар ояндаи наздик хабар дод.

Ба гузориши форс, нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ҳошияи Баҳри Сурх имрӯз (душанбе) дар Риёз баргузор шуд ва Файсал ибн Фараҳон, вазири хориҷаи Саудӣ гуфт, ки ин нишаст дар ростои афзоиши ҳамкориҳо барои рӯёрӯӣ бо таҳдидот баргузор шудааст.

Бинобар эъломи шабакаи “Ал Ахбория”-и Арабистон, ибни Фараҳон дар ифтитоҳияи ин нишаст гуфт, ки Салмон ибн Абдулазиз шоҳи Саудӣ ба зуддӣ аз сарони кишварҳои ҳошияи Баҳри Сурх барои ҳузур дар нишасте дар Риёз даъват хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ин нишаст дар ростои тасреъ барои ҳамкорӣ ва афзоиши тавони кишварҳои ҳозир барои мувоҷиҳа бо ҳар гуна хатарот ва таҳдидот аст ва давлати Саудӣ ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ миёни кишварҳо барои муқобила бо таҳдидот исрор дорад.

Вазири хориҷаи Саудӣ дар идома аз тасвиби мисоқи Шӯрои кишварҳои арабӣ ва африқоӣ ва Халиҷи Адан дар поёни нишаст имрӯз хабар дод.

Кишварҳои Арабистони Саудӣ, Урдун, Судон, Миср, Ҷибутӣ, Яман ва Эритрея мушраф(шарфёфта) ба Баҳри Сурх воқеъ шудаанд. Базҳре, ки як сӯи он ба Бобулмандаб ва сӯи дигари он ба баҳри Миёназамин ва сарзамини ишғолӣ хатм мешавад ва бахши азиме аз тиҷорати ҷаҳонӣ аз тариқи ин оброҳ сурат мегирад.