Январ 08, 2020 21:08 Asia/Dushanbe
  • Ахборе аз ҷобаҷоӣ ё тахлияи низомиёни террористи амрикоӣ дар шарқи Сурия

Манобеи хабарӣ аз тахлияи чанд нуқта тавассути Амрико дар шарқи Сурия хабар доданд, аммо бархеи дигар гуфтанд, ин иқдоми ҷобаҷоиҳо барои пеш гирифтани тадобири эҳтиётӣ аст.

Ба гузориши “Форс”, низомиёни Амрико пойгоҳи ғайриқонунии худ дар пойгоҳи Хароб Алҷир, воқеъ дар минтақа Алмоликия дар шимоли шарқи устони Алҳасака, наздики марзи Сурия, Ироқ ва Туркияро қариб ба шаш моҳ баъд аз ҳузури онҳо дар ин пойгоҳ, дар шимоли шарқи устони Алҳасака тарк карданд.

Низомиёни ишғолгари амрикоӣ, ки дар пойгоҳи Хароб Алҷири Сурия мустақар ҳастанд, имрӯз шуруъ ба тахлияи ниҳоии пойгоҳ карданд ва қариб ба 40 комюн ҳомили таҷҳизоти низомӣ, худравҳои зиреҳӣ ба самти рустои Ассувайдия, дар наздикии гузаргоҳи Алвалид ҳаракат карданд то ба самти хоки Ироқ ақибнишинӣ кунанд.

Дар ҳамин росто, манобеи бумӣ дар атрофи ҷанубии шаҳри Алҳасака хабар доданд, панҷоҳ комюн ҳомили таҷҳизоти низомӣ ва лаҷистик мутааллиқ ба нерӯҳои ишғолгари Амрико пойгоҳи ғайриқонунии худ дар шаҳри Ашшаддодиро тарк карданд ва ба самти минтақаи Алҳавл дар шарқи Алҳасака рафтанд то аз он ҷо аз тариқи гузаргоҳи Алвалид аз Сурия ба самти хоки Ироқ ақибнишинӣ кунанд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, теъдоде аз комюнҳое, ки аз шаҳри Ашшаддодӣ хориҷ шуданд, аз мақарҳои нерӯҳои низомиёни амрикоӣ дар шарқи устони Дайруззур омада буданд.

Аз сӯи дигар, шабакаи хабарии “Алмаёдин” ба нақл аз манобеи огоҳи худ ахбори ҳокӣ аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз ду пойгоҳи худ дар Сурия ба самти Ироқро такзиб кард.

Бинобар ин гузориш, низомиёни амрикоӣ дар майдонҳои нафтии Алумар ва Кунико, дар устони Дайруззур ва дар фурудгоҳи Хароб Алҷир, дар атрофи Алмоликия амалиёти бози истиқрор анҷом доданд.

Манобеи “Алмаёдин” гуфтанд, таҳаррукоти Амрико дар Сурия оғози ақибнишинии нерӯҳояш нест, балки иқдомоте пешгирона барои ҳифозат аз нерӯҳояш дар баробари ҳамалоти эҳтимолӣ аст.