Шимон Перес мурд
Сентябр 28, 2016 11:13 Asia/Dushanbe
Маркази пизишкии Шеба дар Телавив аз марги раиси пешини режими саҳюнистӣ хабар дод.
Ба иттилои Presstv, Шимон Перес, раиси пешини режими саҳюнистӣ, ки ба сабаби сактаи мағзӣ дар бемористон бистарӣ буд, бомдоди чаҳоршанбе соати 3:40 дақиқа ба вақти маҳаллӣ мурд.
Бастагони наздики Шимон Перес, раиси пешини режими саҳюнистӣ рӯзи сешанбе эълом карда буданд, вазъияти ҷисмонии вай вахим шудааст ва ӯ ба зудӣ хоҳад мурд .
Переси 93 сола ду ҳафта пеш дар паи сактаи мағзӣ дар бемористон бистарӣ шуда буд .
Шимон Перес, раиси пешини режими саҳюнистӣ ҷиноёте монанди саркуби интифозаи мардуми Фаластин, овора кардани садҳо ҳазор фаластинӣ ва куштори Қанаро дар корномаи зидди башарии худ сабт кардааст .