Январ 16, 2020 20:11 Asia/Dushanbe
  • Тахриби манозили фаластиниён дар Каронаи бохтаирии руди Урдун

Режими саҳюнистӣ теъдоде аз хонаҳои фаластиниёнро дар ҷануби Каронаи бохтарии рӯди Урдун тахриб кард.

Ба гузориши ИРНА, низомиёни режими саҳюнистӣ рӯзи панҷшанбе барои панҷумибори паёпай теъдоде аз хонаҳои фаластиниёнро дар шаҳраки Байт Ҷоло дар шаҳри Байтуллаҳм ба баҳонаи надоштани муҷаввизи сохт, тахриб карданд.

Пеш аз ин, вазорати умури хориҷаи Фаластин эълом кард, бар асоси гузориши Дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи СММ мизони тахриби манозили фаластиниён дар соли 2019 нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта (2018), 35 дарсад афзоиш дошта ва ин режим дар соли 2019 милодӣ  617 манзилро дар Каронаи бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ тахриб кардааст.

Дар ҳоли ҳозир 400 ҳазор шаҳракнишини саҳюнист дар Каронаи бохтарӣ ва 200 ҳазор шаҳракнишин низ дар Қудси шарқӣ зиндагӣ мекунанд, ки бар асоси қавонини байналмилалӣ сукунати ин афрод дар манотиқи мазкур ғайриқонунӣ аст.

Режими саҳюнистӣ аз замони ишғоли Каронаи бохтарӣ дар соли 1967 шаҳраксозӣ ва тасарруфи манозили фаластиниҳоро дар минтақае, ки 60 дарсади Каронаи бохтариро дар бар мегирад, оғоз кардааст.

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид декабри 2016 аз Исроил хост, шаҳраксозиро дар манотиқи ишғолии Фаластин поён диҳад, аммо режими саҳюнистӣ бетаваҷҷуҳ ба хости ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сохти шаҳракҳои саҳюнистнишин идома медиҳад.

 

 

Барчасп