Январ 19, 2020 12:30 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ навҷавони фаластиниро ба ҳабси абад маҳкум кард

Додгоҳи бозбинӣ ва таҷдиди назари низомии режими саҳюнистӣ дархости додситонии ин режим барои афзоиши маҳкумияти Айҳам Ас-Саббоҳ навҷавони фаластиниро пазируфт ва вайро ба ҳабси умр барбод маҳкум кард.

Ба нақл аз хабаргузории Мао,  Айҳам Ас-Саббоҳ навҷавони фаластинӣ пеш аз ҳукми шаби гузашта, ба 35 сол зиндон маҳкум шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, бошгоҳи асирони Фаластин эълом кард, ҳукми золимона дар ҳақи ин навҷавони фаластинӣ як истисно нест, балки қоидае аст, ки ҳамвора дар парвандаҳои мушобеҳ дар додгоҳҳои низомии режими саҳюнистӣ ҷараён дорад.

Бар асоси гузориши бошгоҳи асирони Фаластин, Ас-Саббоҳ 18 феврали соли 2016 ба иттиҳоми ҳамли силоҳи сард дар як муҷтамаи тиҷорӣ ва ҳамла ба низомиёни исроилӣ боздошт шудааст.

Хабари дигар ин ки 34 нафар аз раҳбарони масеҳии Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Африқои Ҷанубӣ шанбешаб зимни дархост аз кишварҳои матбуи худ барои ба расмият шинохтани кишвари мустақили фаластинӣ, бар зарурати иҷрои ҳуқуқи фаластиниён таъкид карданд.

 

Барчасп