Январ 30, 2020 20:41 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди Кушнер алайҳи сарони фаластинӣ

Мушовири раисиҷумҳури Амрико дар вокуниш ба мухолифати якпорчаи сарони Фаластин бо тарҳи амрикоии “муомилаи қарн”, ононро таҳдид кард, ки бояд ба ин тарҳ тан бидиҳанд.

Ҷаред Кушнер, домод ва мушовири раисиҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе дар мусоҳиба бо шабака телевизионии "Ал Арабия" зимни таҳқири сарони Ташкилоти худгардони фаластинӣ ба хусус Маҳмуд Аббос ва таҳдид ба канор гузоштани вай аз раёсати ин ташкилот унвон кард, ки тарҳи “муомилаи қарн” ба манзилаи охирин фурсат барои онон аст.

Кушнер бо таҳдиди талвеҳӣ ба ҳазфи сарони кунунии Фаластин гуфт, агар раҳбари Фаластин барои мувофиқат бо ин тарҳ ҷуръат надошта бошад, шояд раҳбари ояндаи Фаластин бо он мувофиқат кунад.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе (28 январ) дар ҳоле, ки Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистиро дар канори худ дошт, аз тарҳи созиши таҳмилии мавсум ба «муомилаи қарн» рӯнамоӣ кард.

Бар асоси ин тарҳи амрико- саҳюнистӣ ва зидди фаластинӣ, Қудс ба режими саҳюнистӣ вогузар мешавад, оворагони фаластинӣ дар дигар кишварҳо ҳаққи бозгашт нахоҳанд дошт ва Фаластин танҳо моликияти арозии боқимондаи Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва борикаи Ғазаро хоҳад дошт.

Бисёре аз кишварҳои исломӣ ва ҳамаи гурӯҳҳои фаластинӣ бо ин тарҳ эъломи мухолифат кардаанд.

Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар иқдоме эътирозӣ, зимни радди дархости Трамп барои гуфтугӯи телефонӣ, ҳатто аз дарёфти матни ин тарҳ худдорӣ карда ва гуфтааст, ки ҳаргиз муомилаеро, ки хостаҳои мардуми Фаластин, аз ҷумла ташкили кишвари мустақили Фаластин ба пойтахтии Қудсро муҳаққақ накунад, қабул нахоҳад кард.

 

 

Барчасп