Феврал 02, 2020 21:02 Asia/Dushanbe
  • Кушнер: Фаластиниҳо ҳамчун Исроил имтиёздиҳӣ кунанд

Домоди раисҷумҳури Амрико ва тарроҳи "Муомилаи қарн" дар гуфтугӯе муддаӣ шуд, ки режими саҳюнистӣ дар ин муомила имтиёзоти бисёре ба тарафи муқобил додааст ва фаластиниҳо низ бояд аз бархе масоил чашмпӯшӣ кунанд.

Джаред Кушнер домоди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва яке аз таррроҳони "Муомилаи қарн" дар гугфтугӯ бо MBC-и Миср гуфт: Муомилаи қарн як тарҳи воқеӣ барои ҳаллу фасли мавзӯи Фаластин аст ва мо дар интизори вокуниши мусбати фаластиниҳо ба "Муомилаи қарн" ҳастем.

Вай. ки асолатан яҳудӣ аст гуфт: Агар фаластиниҳо бо музокира мувофиқат кунанд, сармоягузориҳо ва фурсатҳои корӣ ва бисёре аз лоиҳаҳо анҷом хоҳад шуд.

Кушнер афзуд: Фаластиниҳо агар мехоҳанд давлат дошта бошанд, бояд ба шартҳое, ки кишварҳо ба он пойбанд ҳастанд, мутааҳҳид бошанд ва пас аз он музокира сурат хоҳад гирифт.

Изҳороти Кушнер мабнӣ бар он аст, ки тибқи муомилаи нангини қарн гурӯҳҳои муқовимат бояд халъи силоҳ шаванд.

 

 

 

Барчасп