Феврал 05, 2020 10:37 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии режими cаудӣ аз Амрико барои тарҳи

Ҳайати вазирони режими саудӣ аз иқдоми Амрико барои ироаи тарҳи "Муомилаи қарн" қадрдонӣ кард.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, ҳайати вазирони режими саудӣ дар ҷаласаи ҳафтагӣ бо ҳузури Салмон ибн Абдулазиз, подшоҳи Арабистон, тарҳи "Муомилаи қарн" -и Амрикоро талоши ин кишвар барои тавсеа ва ҳаракат ба самти гуфтугӯ тавсиф кард.

Кабинаи Саудӣ ҳамчунин муддаӣ шуд, ки ҳамвора дар маҷомеи байналмилалӣ дар канори мардуми Фаластин буда ва аз ҳуқуқи фаластиниҳо ҳимоят кардааст.

Арабистон ва Иморот дар нишасти ахири Созмони ҳамкории исломӣ дар Ҷидда низ аз маҳкум кардани тарҳи амрикоӣ-саҳюнистии "Муомиали қарн" худдорӣ ва сирфан ба баёни мафоҳим ва ҷумалоти куллӣ басанда карданд.

 

Барчасп