Рӯнамоӣ аз чаҳор сомонаи дифои ҳавоӣ дар Яман
(last modified Sun, 23 Feb 2020 09:31:25 GMT )
Феврал 23, 2020 14:31 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз чаҳор сомонаи дифои ҳавоӣ дар Яман

Раиси Шурои Олии сиёсии Яман аз чаҳор сомонаи дифои ҳавоии нав ва бумии ин кишвар рӯнамоӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҳдии Ал-Машшот раиси Шурои Олии сиёсии Яман рӯзи якшанбе дар маросими рӯнамоӣ аз сомонаҳои нави дифои ҳавоии Соқиб 1, Соқиб 2, Соқиб 3 ва Фотир 1 гуфт, тавсеаи суратгирифта дар хусуси падофанди ҳавоии артиши Яман бо талошу таҷрибаи нерӯҳои тавонманди ин кишвар сурат гирифтааст.

Машшот ин дастовардро амалишудани ваъдаи саид Абдулмалик Алҳавсӣ дабирикулли Ансоруллоҳи Яман дар тақвият ва тавсеаи тавонмандии дифоӣ донист ва афзуд, ин сомонаҳои дифоии нав, масири набард бо эътилофи саудиро тағйир хоҳад дод.

Дифои ҳавоии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бомдоди рӯзи шанбе муваффақ шуд ҷангандаи Торнадо-и эътилофи саудиро дар вилояти Ал-Ҷуф сарнагун кунад.